10ЛЕТ НЕ ПРАЗДНУЮ НАВРУЗ....
10 ЛЕТ НЕ ПРАЗДНУЮ НАВРУЗ НА РОДИНЕ! Вспоминаю школьные годы как мы гуляли на этом празднике с утра до ночи....
вот и в этом году не попадем на этот праздник, а в Москве хоть много разных мероприятии но все равно не сравнит!
СТИХИ О ВЕСНЕ!
Мирзо ТурсунзодаВАТАН
Баҳор омад, зи умрам боз як соли дигар бигзашт,Тамоми зиндагӣ оҳиста аз пеши назар бигзашт.
Ба мисли гӯшту нохун ҳамеша бо Ватан будам,
Агарчи нисфи умри беҳтаринам дар сафар бигзашт.
Ватан, дар ҳар куҷо омад ба сар форам ҳавои ту,
Ман аз он сӯи уқёнус бишнидам садои ту.
Агарчӣ дар миёни тўфону мавҷи баҳрҳо буданд,
Вале омад ба гӯши ман садои рӯдҳои ту.
Ба вақти бозгаштан чун расидам бар ҳудудат ман,
Зи сар то по шудам мафтуну шайдои намудат ман.
Нишастам дар замини ту, паридам дар ҳавои ту,
Ба овози дурудат ман, ба оҳанги сурудат ман.
Агарчӣ борҳо афтодам аз ёру диёрам дур,
Ба сайёҳӣ маро карданд гарчи дӯстон машҳур,
Вале ман дар ҳама ҷо, дар ҳама кунҷу канори даҳр,
Ҳамеша бо Ватан будам, ҳамеша бо Ватан масрур.
БАҲОР
Парда бикшод баҳор аз рўҳи зебоманзар,
Баст сармои зимистон зи Ватан рахти сафар.
Назар афтод маро сӯи гулу лолаи боғ,
Ҳама ороста дидам, ҳамаро тозаву тар.
Қадкашӣ дораду сарсабз шуда сарви чаман,
Ба мисоли писару духтари озоди башар,
Бӯи хуш медамаду боди сабо меорад
Ба машоми ман аз он накҳати ҷонбахш хабар.
Булбули маст ба шохи гули бишкуфтаи боғ
Месарояд зи дили шод ба ҳангоми саҳар.
Чун бидидам гули бишкуфта, аз он гашт аён
Лаби пурхандаи маҳбубаи даврон ба назар.
Гуфтам: эй гул, зи куҷо ёфтї ин сурхии рӯй?
Гуфт: «Ранги рухи ёри ту ба ман кард асар.
Чу шавад аз паи корам саҳар аз хона бурун,
Мекунад бо тарабу шодӣ аз ин боғ гузар.
Ман фақат хуррамию авҷу шукуфтан дорам,
Зи хазонам асаре нест дар айём дигар».
Зи ҷавоби хуши гул шод шудам, хандидам,
Фикри устоди чаманпарварам афтод ба сар:
Боғбон аз дилу ҷон тарбияти боғ намуд,
Ҳар яке решаи парвардаи ӯ дод самар.
Ў ба чашми хиради навъи башар нур диҳад,
Назди вай сархаму таслим шуда шамсу қамар.
Мутрибо, чанг бизан, то ки бирақсем ҳама
Дар баҳори Ватани шод ба оҳанги зафар.
Я люблю эту быструю речку –
Сколько в ней услыхал я созвучий,
Услыхал в ее песне кипучей
Голос Азии, голос могучий.
Эта речка была со мной всюду,
Рядом пела и рядом боролась.
Внемля Азии рекам великим,
И ее вы услышите голос.
На ее неоглядном прибрежье,
В кишлаке, где пришлось мне родиться,
Пробудился мой голом впервые,
Полетел, как поющая птица,
Чтобы с голосом Азии слиться,
Чтобы в сердце народа родного
Свить гнездо, чтобы снова и снова
Поднималось таджикское слово,»
ИСТОРИЯ НАВРУЗА! http://khoma.nawruz.tj/index.php?option=com_content&view=article&id=25&Itemid=28